Пешвои миллат — бунёдгузори сулҳу созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлол



Дар солҳои аввали истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз мушкилоти асосии кишвар бунбасти коммуникатсионӣ ба ҳисоб мерафт. Дар фасли зимистон роҳи байни шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд тавассути ағбаи Анзоб бисёр вақт баста мешуд. Барфу тарма ҳаракати нақлиётро душвор мегардонд ва мардум рӯзҳои зиёд дар роҳ мемонданд. Ин вазъият ба иқтисоди кишвар низ таъсири манфӣ мерасонд.
Бо мақсади бартараф намудани ин мушкилот роҳбарияти давлат сохтмони нақби бузурги нақлиётиро яке аз вазифаҳои муҳимтарин қарор дод. Бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони Нақби «Истиқлол» аз нав оғоз гардид.
Сохтмони аввалини нақб ҳанӯз соли 1989 дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ сар шуда буд, аммо баъди пош хӯрдани СССР ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ корҳои сохтмонӣ қатъ гардиданд. Танҳо баъди барқарор шудани сулҳу субот дар кишвар имконияти идомаи сохтмон пайдо шуд.
Соли 2003 Тоҷикистон бо Эрон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Дар асоси ин созиш сохтмони нақб дубора оғоз ёфт. Дар татбиқи лоиҳа ширкатҳои эронии «Собир» ва «Фароб» иштирок намуданд. Барои сохтмони нақб маблағҳои зиёд ҷудо гардида, қисми зиёди он аз ҷониби Эрон маблағгузорӣ шуд.
Нақб дар роҳи Душанбе–Хуҷанд, дар зери ағбаи Анзоб сохта шудааст. Дарозии он тақрибан 5 километрро ташкил медиҳад. Ин нақб яке аз бузургтарин иншооти муҳандисии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Соли 2006 Нақби «Истиқлол» расман ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод иштирок карданд. Ифтитоҳи нақб барои мардуми Тоҷикистон рӯйдоди хеле муҳим буд, зеро бори аввал роҳи байни марказ ва шимоли кишвар дар тамоми фаслҳои сол боз гардид.ҷ
Нақби «Истиқлол» аҳамияти бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Баъди ба истифода додани он:
- ҳаракати мошинҳо осон гардид;
- интиқоли молу маҳсулот беҳтар шуд;
- робитаи байни минтақаҳои кишвар мустаҳкам гардид;
- вақти сафар хеле кам шуд.
Ин нақб инчунин барои рушди савдо, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ таъсири мусбат расонд. Аз ҳамин сабаб онро яке аз рамзҳои истиқлолияти нақлиётии Тоҷикистон меноманд.
Баъди ифтитоҳ дар нақб баъзе мушкилоти техникӣ ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла, масъалаҳои рӯшноӣ, обравӣ ва ҳавокашӣ ба миён омаданд. Солҳои баъдӣ корҳои таъмиру навсозӣ гузаронида шуданд ва шароити нақб беҳтар гардид.
Имрӯз Нақби «Истиқлол» яке аз роҳҳои асосии стратегии кишвар мебошад. Ин иншоот ҳамчун яке аз дастовардҳои муҳими давраи истиқлолият ва сиёсати созандагии давлат шинохта мешавад.