Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1

Бо шарофати кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 2004 соли аз нав ба фаъолият сар кардани сохтумони Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 гардид. Ҳангоми боздиди расмии президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли 2004 аҳднома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи иштироки Федератсияи Русия дар сохтмони Нерӯгоҳи баркии обии Сангтӯда-1 баста шуд. Мувофиқи ин аҳднома, хароҷоти умумии сохтмон – 482 млн. доллари ИМА муайян гардид. Ҳукумати Федератсияи Русия ба сохтмони нерӯгоҳи барки обии Сангтӯда-1 250 млн. доллари ИМА саҳмгузорӣ намудааст. (75% саҳмияи Федератсияи Русия ва 25% саҳмияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Сохтмони НБО Сангтӯда-1 соли 2004 оғоз гардид.

Маросими ба истифода додани агрегати якуми неругоҳ 20 январи соли 2008 ва пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳ бо 4 агрегат 31 июли соли 2009 баргузор шуд. Ҳаҷми сармоягузориҳои Русия ба сохтмони нерӯгоҳ беш аз 16 млрд. рублро ташкил медиҳад. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаваттро ташкил медиҳад. Нерӯгоҳ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, 110 километрии чануби Душанбе воқеъ буда, ҳиссааш дар ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ ба 10% баробар аст. Неругоҳи “Сангтӯда-1” дар баробари Нерӯгоҳи барқи обии Норак бо иқтидори 3000 МВт ва Нерӯгоҳи барқи обии Бойғозӣ бо иқтидори 600 МВт ба сегонаи бузургтарин неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон дохил мешавад.

  • Related Posts

    ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ЭҲЁИ ДУБОРАИ «РОҒУН»

    Ба бахти миллати тоҷик дар давраи басо хатарзои солҳои 90-уми асри ХХ ҷавонмарде адолатхоҳу раиятпарвар Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ дурахшонтарин чеҳраест, ки Тоҷикистонро бо тамоми сармояҳои…

    НАВРӮЗ-ҶАШНИ НИЁГОНИ МО ҶАҲОНИ ШУД

    Барои миллати тоҷик ва кулли кишварҳои вориди тамаддуни Наврӯз боиси ифтихору сарфарозист, ки ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон шуд.…

    Добавить комментарий

    Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

    Дидашудаҳо

    Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1

    • От najib
    • 16 февраля, 2026
    • 0
    • 44 views
    Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1

    ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ЭҲЁИ ДУБОРАИ «РОҒУН»

    • От najib
    • 16 февраля, 2026
    • 0
    • 40 views
    ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ЭҲЁИ ДУБОРАИ «РОҒУН»

    НАВРӮЗ-ҶАШНИ НИЁГОНИ МО ҶАҲОНИ ШУД

    • От najib
    • 16 февраля, 2026
    • 0
    • 22 views
    НАВРӮЗ-ҶАШНИ НИЁГОНИ МО ҶАҲОНИ ШУД

    Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025

    • От najib
    • 16 февраля, 2026
    • 0
    • 28 views
    Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025